пятница, 3 января 2014 г.

Машварат


Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва кумитаи заминсозӣ машварати кори гузаронид. Дар машварат таҷдиди хаҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзии вилоят мавриди баррасӣ қарор дода шуд.


Абдураҳмон Қодирӣ раиси вилояти Суғд дар машварат зикр кард, ки дигар хоҷагиҳои калективӣ амал намекунанд. Акнун хоҷагиҳои деҳқони ҳамчун оилавӣ ва инфиродӣ амал мекунанд. Бино ба гуфти ӯ дигар барои таъсиси чунин хоҷагиҳо сертификат дода намешавад. Ба гуфти Абдураҳмон Қодирӣ мақсад аз таҷдиди соҳа дастрас шудани замин ба деҳқон ва беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум мебошад.
 
Раиси кумитаи заминсозии вилояти Суғд оиди таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонии калонҳачм ва истифодаи оқилонаи зимин ҳисобот дод. Ориф Хоҷаев гуфт,  ки вазифаи ислоҳоти замин дар ҶТ аз муҳайё намудани шароит барои тарақаётӣ баробарҳуқуқии шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ иборат буда, мақсад зиёд намудани маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Ҳарчанд фармону дастурҳо дар соҳаи кишоварзӣ иҷро шуда истода бошанд ҳам камбуди дар ин самт ҷой дорад.
Дар масъалаи ислоҳоти соҳаи об раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ гуфт, ки ислоҳоти соҳаи об аз соҳаи кишоварзӣ ҳам ақиб мондааст. Бинобар ин ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонии вилоят бо асбобҳои обченкуни таъмин шаванд. То моҳи март асотсиатсияи об ташкил карда шуда системаи обёрӣ ба мавсими нав тайёр гардад, ин супоришҳо дар ҷараёни машварат садо доданд.
Дар масъалаи тақсимоти амвол ва ташкили фаъолияти самараноки хоҷагидорӣ дар хоҷагиҳои деҳқони ҳисобот шунида шуд. Оид ба дастгирии ислоҳоти кишоварзӣ таъмини хоҷагиҳои навташкил бо асноди тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин  маърӯза пешниҳод гашт. Аз ҷониби раиси вилоят супориш дода шуд, ки ҳамаи хоҷагиҳои деҳқони амволи худро суғурта кунанд. Барои ин арзиши суғурта 2 маротиба арзон карда мешавад.
Абдураҳмон Қодирӣ раиси вилояти Суғд мегӯяд, ки соли оянда дар соҳаи пахтакорӣ муносибат дигар карда мешавад. Аз соли оянда пунбаи навъи амрикоиро кишт хоҳанд кард. Аз рӯи гуфти мутахассисон ин навъи пунба серҳосил мебошад.
Раиси вилоят дар назди масъулин  вазифагузорӣ кард. Ба муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят супориш дода шуд, ки кори камиссияи ислоҳотро зери назорат гиранд. Ғайр аз ин ҳаллу фасли дурусти баҳсҳои заминро ба роҳ монанд. Дар соҳаи кишоварзӣ кадрҳои соҳибихтиссос бояд фаъолият баранд. Ташкили курсҳои доими бозомӯзӣ  дар ин соҳа пешбинӣ шудааст. Агар вазифаҳои вогузошташуда ва кадрҳои соҳибтахассуси соҳаи кишоварзӣ таъмин нашаванд, ба ҳадафҳои пешгузошта шуда расидан амрӣ маҳол аст гуфт  раиси вилоят Адураҳмон Қодирӣ.





Комментариев нет:

Отправить комментарий