пятница, 3 января 2014 г.

Ба фикри Шумо

Мушкилии рақами 1-и муҳоҷирони меҳнатии  тоҷикистонӣ кадом аст?

Хуҷанд биёбони Африқост?

Хуҷанд биёбони Африқост?
Интригаи рӯз
Кормандони Идораи барқи тоҷик бидуни ризоияти Муассисаи кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд худсарона 176 бех дарахти 15-30-соларо буриданд. Аз рафти кор муайян кардан мушкил нест, ки оқибати чунин худсарӣ шояд ба додгоҳ кашида шудани Идораи барқи тоҷик аз ҷониби Муассисаи кабудизоркунӣ гардад.

Машварат


Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва кумитаи заминсозӣ машварати кори гузаронид. Дар машварат таҷдиди хаҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзии вилоят мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Маҳбас


Суди вилояти Суғд ду ҷавони 24 ва 23 ро дар баробари ҳамин синнашон аз озодӣ маҳрум кард. Ҷинояти содирнамудаи  ду ҷавон ҳанӯз моҳи август сару садои зиёдро ба миён оварда буд. Онҳо ба хотири он ки соҳиби автомашинаи гаронарзиш гарданд, ронандаи онро ба қатл мерасонанд.

Нофаҳми байни ду идора

 Масъулини Раёсати назорати давлати дар соҳаи энергетика рейди  гузарониданд. Мақсади рейд бартараф кардани хатҳои сурхи барқи буд. Танҳо аз як нуқтаи трансформатори даҳҳо хатти сурх, қи аз шаҳри Хуҷанд ба маҳаллаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нерӯи барқро интиқол медод, бартараф карда шуд. Аммо баъди амалиёт хатҳои сурх аз нав васл шӯданд.