пятница, 3 января 2014 г.

Маҳбас


Суди вилояти Суғд ду ҷавони 24 ва 23 ро дар баробари ҳамин синнашон аз озодӣ маҳрум кард. Ҷинояти содирнамудаи  ду ҷавон ҳанӯз моҳи август сару садои зиёдро ба миён оварда буд. Онҳо ба хотири он ки соҳиби автомашинаи гаронарзиш гарданд, ронандаи онро ба қатл мерасонанд.


Суди вилояти Суғд нисбати Абдурасул Ҳасанов ва Нуриддин Ҷумъаев ҳукми ниҳоии худро эълон кард. Ҷавонон сокинони шаҳри Хуҷанд мебошанд. Яке 24 ва дигаре 23-сола. Ҳукми таъиннамудаи суд низ баробари синну соли судшавандаҳо буд. Акнун Абдурасул 24-сол ва Нуриддин 23-соли умри худро дар зиндон паси сар хоҳад кард.  Дар содир намудани ҷинояти куштор ба Абдурасул Ҳасанов Нуриддин Ҷумаев шарик буд. Суд нисбати ин ҷавони 23-сола 23-соли маҳрум кардан аз озодиро таъин кард.

Ин ҳодисаи пурсарусадо моҳи августи соли ҷори рух дода буд. Абдурасул ва Нуриддин мехоҳанд соҳиби молу пули муфт шаванд. Маслиҳати пешакии онҳо ба қатл расонидани ягон ронандаи автомашинаи қимматбаҳо ва соҳиб шудан ба он буд. Дар автовокгази кӯҳнаи шаҳр аввал онҳо автомашинаи ба худ писандро интихоб карданд. Автомашинаи Опел-Антра. Соҳиби ин нақлиёт онро аз Чкалов харидорӣ намуда озимӣ сафар ба шаҳри Душанбе буд. Вале ронанда мехост ҳамроҳи худ чанд мусофирро ба пойтахт барад, то хароҷоти роҳкиро бароварда гардад. Мусофирони ӯ Абдурасул ва Нуриддин гаштанд, зеро онҳо маҳз ҳамин нақлиёт «зари чашм» карда буданд. Ҷавонон ба ронанда шарт монданд, ки дигар мусофир нагирад ва маблағи ҳамаи ҷойро худ пардохт мекунанд.

 Шабона онҳо ба роҳ баромаданд. Баъди гузаштан аз плазаи толлингии шаҳри Истаравшан дар қисмати роҳи деҳаи Лакати ҷамоати деҳоти Зархалол мусофирон аз ронанда барои қазои ҳоҷат манъи автомашинаро хоҳиш карданд. Вале нақшаи онҳо дар қазои тақдири ронанда нуқта гузошт. Дар вақти манъи автомашина ҷавонон ба ронанда дарафтоданд ва ӯро бо корди ҳамроҳашон буда ба ҳалокат расониданд. Ин ронанда Маҳмадзоҳиршоҳ Нуров, сокини 51-солаи шаҳри Душанбе буд. Тақдири минбаъдаи ҷинояткорон ва автомашина то замони дастгиршуданашон: Онҳо автомашинаро барои фурӯхтан ба Душанба бурданд. Азбаски касе нахарид, дар Варзоб пинҳон намуда харидор ҷустуҷӯй карданд. Ҳамзамон аз дохили автомашина ба миқдори 10 ҳаззор доллар маблағ ёфта онро байни худ тақсим карданд. Вале ҳамаи ин то замони дастгиршуданашон  фурсати кӯтоҳе буд.


Раисикунандаи парвандаи судии  ду ҷавон Мамлакат Ахмедова гуфт, ки айбдоршавандагон ба гуноҳи худ иқрор шуда хоҳиши онро мекунанд, ки нисбаташон ҷазои сабук таъин карда шавад. Абдурасул ва Нуриддин дар як мактаб таҳсил намудаанд. Абдурасул соҳиби ду фарзанд буда дӯсташ Нуриддин ҳанӯз муҷаррад мебошад. Дар мурофиаи суди пайвандони айбдоршавандагон ва ҳимоятгарони онҳо иштирок доштанд, вале аз ҳукми эълоншуда ҳарфе нагуфтанд. Ба ҳар хол қонунгузорӣ ба онҳо иҷозат медиҳад, ки давоми 10-шабонарӯз бо тариқи касатсиони аз ҳукми таъиншуда шикоят баранд.

Комментариев нет:

Отправить комментарий