пятница, 3 января 2014 г.

Нофаҳми байни ду идора

 Масъулини Раёсати назорати давлати дар соҳаи энергетика рейди  гузарониданд. Мақсади рейд бартараф кардани хатҳои сурхи барқи буд. Танҳо аз як нуқтаи трансформатори даҳҳо хатти сурх, қи аз шаҳри Хуҷанд ба маҳаллаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нерӯи барқро интиқол медод, бартараф карда шуд. Аммо баъди амалиёт хатҳои сурх аз нав васл шӯданд.


 Дар даромадгоҳи шаҳри Хуҷанд, барои фаъолияти иншооти обдиҳандаи рақами се нуқтаи трансформатори амал мекунад. Ин нуқта ба деҳаи Унҷи наздик аст ва тариқи даҳҳо хатти сурх ба сокинони ин деҳа барқ интиқол меёбад. Ба гуфти мутахассиси раёсати назорати давлати дар соҳаи энергетика Баҳодур Муллобоев агар ин ҳолат ба садама оварда расонад, тамоми маҳаллаи Гагарин   беоб мемонанд. Мутахассисон хатхои сурхро ғайриқонуни меҳисобанд.

Айни замон дар ноҳияи Б.Ғафуров нерӯи барқ бо реҷа дода мешавад. Аз ин рӯ сокинон бо ҳар роҳу васила мехоҳанд, соҳиби хатҳои сурх гарданд, ки бештар вақт аз шаҳри Хуҷанд кашида мешавад. Вале ин ҳолат ба таъминоти шаҳр бо барқ таъсири худро мегузорад, мегӯянд мутахассисон. Дар мавсими имсола ин маротибаи 2-юм аст, ки амалиёт гузаронида мешавад. Дафаи гузашта якзумра қоидавайронкуниҳо ошкор гашта шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд барои назорат дастур гирифта буд. Вале ин навбат вазъият бадтар буд ки беҳ не. Дертар ба рейди махсус масъулини Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд низ ҳамроҳ шуданд.

Онҳо ҳам гӯё аз кашида шудани чунин хатҳои сурх ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров то ин дам бехабар буданд. Ин дар ҳолест, ки даҳҳо хатти сурх бо риояи тамоми қоидаҳои бехатари кашида шуда ҳатто дар дохили нуқта ҳисобкунакҳои барқии сокинони ноҳияи Б.Ғафуров насб карда шудааст. Пас оё метавон гуфт, ки ин корро сокинон худсарона анҷом додаанд? Сармуҳандиси шабакаҳои барқи гуфт: «тамоми хатҳои сурх бурида мешавад , ин ҳама иҷозат надоранд»

Вақте мутахассисон хостанд, хатҳои сурхро аз ноқил ҷӯдо кунанд, ду нафар нозирони барқи шаҳри Хуҷанд дар ҷойи ҳодиса пайдо шуда монеъи ин кор гаштанд. Ин нозирони шаҳр дар ноҳияи Б.Ғафуров ба ҷамъоварии маблағи истифодаи барқ машғуланд. «ин хатҳои сурх ғайриқонуни нест  сокинон ҳатто маблағи барқро пешпардоҳт кардаанд»-мегӯянд нозирон.
Аммо мутахассисони Раёсати назорати давлати дар соҳаи энергетика инро ғайриқонуни меҳисобанд. Сармуҳандиси шабакаҳои барқи шаҳр бошад, дертар ба мо гуфт, ки ба сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ин хатҳо аз рӯи зарурат муваққатан дода шуда он мувофиқи реҷаи маҳдудкуни интиқол дода мешавад. Акнун суоле ба худ посух меҷӯяд, ки чаро сокинони ноҳияи Б.Ғафуров аз нуқтаи трансформатории шаҳри Хуҷанд бо барқ таъмин мешаванд? Инҷо масъала печида аст ва миёни шабакаҳои барқиву раёсати назорати давлатии дар соҳаи энергетика низ ихтилоф аст.


Хулоса хатҳои барқие, ки ба самти ноҳияи Б.Ғафуров кашида шуда буданд, бурида шуданд. Вале пас аз амалиёт онро аз нав пайваст карданд. Гуфтанд, ки то гузоштани трансформатор дар маҳаллаҳои навбунёди ноҳияи мазкур сокинони ин ноҳия бояд аз шаҳр бо нерӯи барқ таъмин шаванд. Пас мазмуни амалиёт чи буд?

Комментариев нет:

Отправить комментарий