пятница, 3 января 2014 г.

Хуҷанд биёбони Африқост?

Хуҷанд биёбони Африқост?
Интригаи рӯз
Кормандони Идораи барқи тоҷик бидуни ризоияти Муассисаи кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд худсарона 176 бех дарахти 15-30-соларо буриданд. Аз рафти кор муайян кардан мушкил нест, ки оқибати чунин худсарӣ шояд ба додгоҳ кашида шудани Идораи барқи тоҷик аз ҷониби Муассисаи кабудизоркунӣ гардад.

Дарахтони буридашуда дар байни маҳаллаи 8-ум ва 12-ум қарор дошта, бо сабаби он ки гӯё ба хатти ноқилҳои барқӣ халал мерасонад, аз ҷониби кормандони барқида шудааст. Давоми 3 руз дарахтони буридашударо чамъовари карданд.
Сардори муассисаи кабудизоркунии шахри Хучанд дар сухбат гуфт, ки дарахтони буридашуда хамчун  захираи сузишвори дар анбори ин муассиса нигох дори мешаванд.
-Захираи cузишвори ин тайёри ба зимистони имсола мебошад.Барои гузаронидани зимистон хамасола ба муассисахои томактаби ,мактабхо аз анбори ин муассиса сузишвори дода мешавад,-мегӯяд мавсуф Хамзамон илова намуд, ки алъон маълум нест, ки дарахтонибуридашуда ба кучохо таксим мешавад. Бо супориши раиси шахр ба муассисахои эхтиёч ба сузишворидошта барои зимистонгузарони таксим карда мешавад.
Суоли матраҳ ин аст, ки кӣ медонад оё хамаи дарахтон танхо барои муассисахои томактабиву мактабхост ё хайр?

Ба ҷои салла-калла?!
Бурида шудани дарахтони байни микранохияхои 12 ва 8-ро  сармутахассиси Раёсати хифзи мухити зисти вилояти Сугд Сангинбой Курбонов гуфт гайриконунӣ меҳисобад. Давоми 2 руз 176 дарахт бурида шудааст, ки таъсири манфии худро ба табиат ва сокинони махаллахои мазкур мерасонад.
Аз рӯйи гуфтаи мутахассисони Райсати хифзи мухити зисти вилоят онҳо  ба чои ходиса рафтаанд ва баробари тафтиш маълум шудааст, ки дарахтон аз тарафи шабакахои  барки точики шахриХучанд бурида шудаанд. Зимни сӯҳбат маълум гардид, ки Раёсати хифзи мухити зисти вилояти Сугд соли гузашта ба Идораи барки точик бо мактуб муроҷиат кардааст, ки бояд хати барк аз зери замин гузаронида шавад. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатам аммо ин кор то хол ичро нашудааст ва сабаби ичронашудани он хам маълум нест.
Шабакаи барки точик мушкилии худро осон намуду муассисаи кабудизоркунии шахр анбори худро пур кард? 
Ин дар холест ки дар аввали сол шабакахои барки точик барои буридани шоххои бекораи дарахт ва он шохахое ки ба хати нокили барк халал мерасонанд ва эхтимоли рух додани садамаи барки аст, ичозатномаи танҳо буридани саршохаҳоро гирифтаанду халос. Аммо дар иҷозат аз бех буридани  дарахтон ишора нашуда будааст
-Ягон сохтор барои буридани дарахт ичозат дода нашудааст. Дарахтони буридашуда дар тавозуни муассисаи кабудизоркунии шахри Хучанд мебошад,-мегӯяд Сангинбой Қурбонов
Ин чо суоле ба миён меояд, ки шояд ягон макомоти дигар ё нафари алоҳида барои аз бехаш буридани дарахт фармон ё худ ичозат дода бошад?
Сенсатсия накунед!
Дар Шабакаи барки точик гуфтанд, ки рохбар гӯё дар Душанбе буда масъулин дар мачлисанд. Маротибаи дуюм низ хангоми мурочиат ба ин шабака танхо хамин чавобро мешунавем: «рохбар дар Душанбе, бокимонда дар мачлис, интизор шавед, пас аз ним соат мачлис ба охир мерасад». Шояд котибаи шабакаи барки точик пеш аз ба кор кабул шудан танхо бо аз худ намудани чунин чумлахо ба кор  кабул шуда бошад? Ё ин суханон танхо барои рузноманигорон аст? Агар ба чои ним соат як соат ё ба чои оне, ки дар мачлисанд чизи дигар мегуфтанд кас бовар мекард. Вале хар бор аз шунидани «рохбарият нестанд» шубҳаи кас ба шаффофияти кор дар ин Идора бештар мешавад.
Ниҳояти амр аз котибаи рохбари шабакаи барки точик раками телефонии сармухандиси идораи мазкурро гирифтем. Хангоми сухбати телефонии сармухандиси шабакаи барки точик Вохидов Чумъабой иброз дошт, ки дар ягон мачлис набудааст, балки бо як кор аз идора берун рафта будааст. Вакте масъалаи мазкурро гуфтему хостем ба якчанд суол чавоб гирем хамоно масъаларо ба дигар самт равона карда чавоб гуфт, ки  «сенсатсия чи лозим, масъала халли худро ёфтааст»  Маротибаи дуюм гуфтахои намояндагони идораи экологияи вилоятро инкор карда номбурда баён дошт, ки :
-Мо танхо шохахоеро мебурем, ки ба хатхои барк халал мерасонанд.  Ин барои пешгирии садамахои барқӣ мебошад.
Аммо воқеият нишон дод, ки дар мобайни микроноҳияи 8 ва 12-ум ба ҷои салларо бурдаанд. 176 дарах аз бех бурида шудааст, ки чунин дарахтони сояафканро метавон танҳо тӯли 25-30 сол ба воя расонид.
Хуҷанд Африқо мешавад
Мохе кабл мутахассисони хифзи мухити зисти вилоятро аз меъёр кам мондани дарахтон дар шахри Хучандизҳори нигаронӣ карда буданд. Ин холат ташвиши онхоро дучанд кард, боз 176 дарахт гайриконуни буридашуд, ки он 15 – 30 сола буда дар авчи сабзиш карор дошт.
«Дарахтро буридан ин гунох аст, шахс онро бо як машаккат ба воя мерасонад. Мо калонсолон дар соияи он дам мегирифтем. То андозае хаворо хам тоза мекард» мегуяд сокини микранохияи 12
Аз рӯи гуфтаи коршиносон аз бех буридани дарахт ба экология ва истикоматкунандагони микранохияхои мазкур таъсири манфии худро мерасонад, ки боис кам истихроҷ шудани оксиген будааст. Бар замми ин ки шаҳри Хуҷанд минтақаи элементи кимёвии уран будааст. Ҳолдонҳо иброз медоранд, ки таъсири уран дар маркази вилоят хеле зиёд буда, барои сусттар кардани радиатсияи он табиат ва инсоният ба дарахтони зиёди сояафкану сабз ниёз доштааст.
Мутахассисони раёсати хифзи мухити зисти вилоят мегуянд, ки мавчудияти дарахтони бисёрсола дар фасли гармо ахамияти махсус доранд.  Зеро 1 дарахти калон метавонад, 200 нафарро бо оксиген таъмин кунад . Ин дар холест, ки дар кадди куча ва хиёбонхои шахри Хучанд шумораи дарахтони кухансол то рафт кам шуда истодааст, ки яке аз сабабхои  он норасогии об мебошад.
Хамасола дар баробари наздик шудани фасли бахор нихолшинони ба маъракаи пурдабдаба табдил меёбад. Ниҳолшинонӣ тавассути телевизионҳо хеле бо воҳимаю валвала нишон дода шуда, аммо баъди шинонидани он ҳама гӯё «сарату равғанат»-гӯён мераванд ва касе аз паи парвариши он намешавад.
Раёсати хифзи мухити зист руйихати дарахтонеро, ки бояд шинонида шаванд, ба шахру нохияхо пешниход кардааст. Тазодро бубинед, ки аз як тараф маъракаи шинонидани нихол дар авҷ аст ва  аз тарафи дигар буридани он ба ҳукми анъана даромадааст?  


5 комментариев:

  1. mediahuman-youtube-downloader-crack is a program available for those who have noticed a favorite song, video, or trailer for a new movie and want to keep it for their laptop for offline viewing.
    freeprokeys

    ОтветитьУдалить
  2. ntlite-crack
    can be just really a rather productive and useful tool for the personalization of managing techniques. For that, you can make your variant of the system. It helps the consumer or perhaps maybe not mandatory components.
    new crack

    ОтветитьУдалить
  3. I really enjoy reading your post about this Posting. This sort of clever work and coverage! Keep up the wonderful works guys, thanks for sharing Iobit Malware Fighter Crack

    ОтветитьУдалить
  4. it upholds duplicating to and sticking from any of these markup dialects. MathType Full Crack backings condition numbering and designing conditions, reordering HTML labels, and then some. TriSun Duplicate Photo Finder Plus crack

    ОтветитьУдалить
  5. I am very thankful for the effort put on by you, to help us, Thank you so much for the post it is very helpful, keep posting such type of Article.
    Tenorshare UltData for Android Crack
    Cinema 4D Crack

    ОтветитьУдалить