Қиссаи қисмат
БО
ПОЙ РАФТУ БЕ ПОЙ ОМАД
Мансур Нӯъмонов
маъюби гурӯҳи
якум.
Тӯли
10 сол мешавад, ки ҳамроҳу
ёвараш
аробачаи маъюбиаш
аст. Дар ошёнаи 2- юми маҳаллаи
Навбаҳор
собиқ
микраноҳияи
34- уми шаҳри Хуҷанд
ҳамроҳи
оилааш иҷора
менишинад. Танҳо фаромадаву баромада
наметавонад. Ҳар маротибае, ки аз хона баромадан ва ё аз кӯча вориди ҳуҷра шудан
мехоҳад, писарони ҳамсояро хоҳишу мекунад то ба ӯ кӯмак кунанду
ба хонааш баранд. Тавре Мансур нақл мекунад:
-Дар Федератсияи Руссия соли 2004 буданам як ҳодисаи
нохуш сабабгори аз ҳар ду пой маҳрум шуданам гашт. Ба ин ҳодисаи
нохуш касеро гунаҳкор намекунам, танҳо ҳаминро мегӯям, ки агар
дар Ватан ҷои кор а маоши басанда медоштам, шояд ба муҳоҷират
намерафтам ва чунин ҳодиса рух намедод. Он ҳодисаро аз
тақдир медонам. Ҷои
кории мо аз Маскав дур ҷойгир шуда буд. Азбаски
ман бригадир будам, моҳе як маротиба барои
гирифтани маоши моҳонаи
коргарҳо
ба марказ меомадам. Шояд он 3 нафар ҷавон,
ки маро ба чунин ҳол гирифтор кардаанд,
медонистанд, ки ман маблағи калон доштам. Ногоҳ
ба пушти сарам бо як чӯбдаста буд ё оҳан
заданд. Ман дар
назди роҳи метро қарор
доштам ва аз ҳуш рафтанамро ба хотир дораму халос. Пас аз 40 рӯз
табибон хабар доданд, ки аз ду пой маҳрум
шудаам.
Мансур Нӯъмонов
аз соли 1996 инҷониб ба муҳочирати
меҳнатӣ
мерафт. Дар шаҳри Маскав ҳамчун
бригадир шуда кор мекард. Ихтисосаш муҳандис-механик аст. Баъд аз рух додани ҳодисаи
нохуш давоми 40 рӯз дар яке аз
беморхонаҳои шаҳри Маскав муолиҷа
гирифтааст, ки дар натиҷа 4 ҳаззор
доллари ИМА хароҷот кардааст. Баъд
аз он ки аз ду пой маҳрум шуд, ба худ гуфт, ки
ба Ватан барнамегардад.
-Як сухани духтур ба ман таъсир кард ва хостам назди ҳамсарам ва
фарзандонам баргардам,-мегӯяд мавсуф. Дар идомаи сӯҳбат илова кард, ки,-духтур ба ман гуфт: “Ты любишь свою жену?” Дар посух “да” гуфтам. Баъд аз он ба ҳамсарам занг зада, ҳодисаро нақл кардам. Пурсидам
ки маро қабул мекунӣ? Лаҳзае хомӯш монд ва
гуфт: Барои ду фарзандатон қабул мекунам, биёед. Ҳарчанд 10
сол гузашт, пушаймон аз онам, ки дар вақташ суғуртаи тиббӣ надоштам,
-нақл кард Мансур.
Мо акнун аз хоб бедор шудем?
Давоми се моҳи охир таваҷҷӯҳи муҳоҷиронро
гирифтани суғуртаи тиббӣ ба маротиб афзудааст. Дар Тоҷикистон пас
аз пош хӯрдани давлати Иттиҳоди Шӯравӣ сафи муҳоҷирони меҳнатӣ афзуд.
Бадбахтона шумораи муҳоҷирон рӯз аз рӯз меафзояду
кам намешавад.
Масъулини КВД «Тоҷиксуғурта» дар вилояти Суғд мегӯянд, ки онҳо нав корҳои тарғиботиву фаҳмонидадиҳиро байни
муҳоҷирон оғоз кардаанд. Зеро вобаста ба
додани суғуртаи тиббии муҳоҷирон идораи мазкур
акнун созишномаи дуҷонибаро ба тасвиб
расонидааст, - гуфт намояндаи «Тоҷиксуғурта» Ориф
Бобоҷонов .
Мувофиқи маълумот корхона дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ба 2660 нафар муҳоҷирон полиси
суғуртавӣ додаанд.
Масъулини мегӯянд, ки суғуртакунонии
муҳочирон маҷбурӣ нест ва он
мувофиқи хоҳиши онҳо иҷро мешавад.
Агар муҳоҷир ҳангоми кор дар Руссия ҷароҳат
бардорад, бемор шавад, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро гум кунад
ва ё ба ҳалокат расад, ташкилотҳои суғуртавии
Руссия дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон ба ӯ то 100 ҳазор рубли
русӣ кӯмак мерасонанд.
Раванди суғуртакунонӣ
асосан аз оғози соли 2014 авҷ
гирифт. Зеро Руссия барои ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ
қонунҳои
нав ба тасвиб расонида истодааст. Акнун ҳам
мақомотҳои
дахлдор ва ҳам муҳоҷирони
тоҷикистонӣ
аз хоб бедор шуда истодаанд, ки инро коршиносон хуб унвон мекунанд.
Дар вилояти Суғд
танҳо
ду-се ташкилоти давлативу ҷамъиятӣ
ба суғуртакунии
муҳоҷирон
машғуланд.
Аҷобати кор дар он, ки нархномаи суғуртаи
корхонаи Тоҷиксуғурта
аз нархномаи ташкилоти Меҳнат ба маротиб фарқ
мекунад. Агар муқоиса кунем нархи
полиси суғуртаи тиббии корхонаи Тоҷиксуғурта баландтар аст. Мисол нархи суғуртаи
тиббии се моҳа дар ташкилоти Меҳнат 55 сомонӣ
аст ва дар корхонаи Тоҷиксуғурта
вилоят бошад 75 сомонӣ муқаррар
гаштааст. Дар ҳолати зарурати кӯмак
ҳар
ду ҳам
то 100 ҳазор
рубли русӣ кафолат медиҳанд.
Пойҳои сунъӣ
ҷойи пойҳои табииро намегиранд
-Ба
муҳоҷирати
меҳнатӣ
бо орзуву нияти харидани хона ва хонадор кардани фарзандонам рафта будам. Агар
суғуртаи
тиббӣ
медоштам ҳамаи табобатам ройгон мешуду
маблағи
кор кардаамро ба хона меовардам. Афсӯс, ки ин тавр нашуд. Аз Ватан бо ду
пой баромада рафтам, вале бе маблағ
ва бе пойҳоям баргаштам, - нақл
мекунад Мансур Нӯъмонов .
Соли 2006 барои гузоштани пойҳои
сунъи ба шаҳри Душанбе рафтааст. Ҳамаги
як сол пойҳои сунъӣ
барояш хизмат кардаанд. Дигар аз хизмати он истифода карда наметавонад.
-То
рафт пойҳоям
варам карда истодааст. Пӯшидани пойи сунъӣ бароям душвор аст. Агар ба умеди пойҳои
сунъӣ
шавам, ҳар
сол онҳоро иваз кардан зарур аст. Вале ин имконро
ман надорам, - мегӯяд мавсуф.
Мо танхо аз саргузашти як муҳоҷири меҳнатии
тоҷикистонӣ
ин ҷо навиштем. Ин гуна ҳодисаҳои нохуш дар муҳоҷирати меҳнати
зиёданд. Имрӯзҳо муҳоҷирони мо
ба бемориҳои гуногун
гирифтор мешаванд. Даҳҳо тобути шаҳрвандони мо бар асари ҳодисаи нохуш ба Ватан меояд. Ва ҳатто ҷасади баъзе аз муҳҷирон ёфт намешавад. То ба имрӯз модароне ҳастанд, ки аз доғи фарзанди бе ному нишон месӯзанд
▷ The best casino site【WG】slots,casino games,best
ОтветитьУдалить⭐ Best Casino | The best casino site in 2021 | Check out our reviews of top casino sites in 2021 | Check out the latest bonus offers, mobile luckyclub.live apps.