воскресенье, 5 января 2014 г.

Оё бо ба даст овардани маош тамоми талаботро иҷро карда мешавад?


Сабади истеъмоли. Зери ин мафҳум талаботи ҳаррӯзаи ҳар шахс фаҳмида мешавад. Ҳар кас бо назардошти иқтисодиёти кишвар метавонад сабади истеъмолии худро қонеъ гардонад. Аммо имрӯз то куҷо сабади истеъмолии мардум қонеъкунанда аст? Оё бо ба даст овардани маош тамоми талаботро иҷро карда мешавад?

Иқтисодчи Абдумавлон Азимов қонеъ гардонидани сабади истеъмолиро ба даромаднокии аҳоли вобаста медонад. Ба гуфти вай дар 7 соли охир даромаднокии аҳоли чор баробар зиёд гардидааст.
Вобаста ба давру замон сабади истеъмолии мардум васеъ мешаваду талабот ҳам бештар.

Дар соли 2013 сабади истеъмолиро ба сари ҳар як нафар аҳоли дар як моҳ 654 с муқаррар кардаанд. Ин бо дар назардошти даромади аҳоли муайян шудаасат. Дар вилояти Суғд бошад сабади  истеъмоли  дар ҳар як моҳ ба ҳар нафар 554 сомонӣ муайян шудааст аммо бо боло рафтани маҳсулоти озуқаворӣ  дар бозор талаботи шахсро надар ҳама вақт қонеъ мекунад .
2 сол қабл бо ҳисоби миёна сабади  истеъмоли  ҳар нафар 435 сомонӣ ташкил медод. Табист   ки бо зиёд шудани музди меҳнат  нарх дар бозорҳо низ боло меравад. Агар имрӯз сабади истеъмоли  ҳар нафар 554 сомонӣ дар як моҳ бошад пас агар дар як оила 5 нафар зиндагӣ кунаду як нафар аз аъзои оила бо ҷои корӣ таъмин бошад пас сабади истеъмолии  онҳо дар як моҳ  ба  2  770 сомонӣ баробар аст.  Нарасидани музди маоши коргар дар як моҳ барои зиндагӣ ва мутобиқат накардани он бо сабади  истеъмоли як тарафи масъала аст.  Ин ҷо муаммои дигар низ ба миён омадааст, ки ин нодуруст истеъмол кардани ғизо ва нарасидани каллорияҳои зарурӣ ба организми инсон мебошад.
Духтурон мегӯянд, ки барои солимии ҳар инсон зиёда аз 4 ҳаззор каллория давоми  як рӯз лозим аст. Истеъмоли  нодурусти ғизо ба ҳар гуна касали оварда мерасонад. Бараъкси  ин  ҳол низ вуҷуд дорад. Аз ҳад зиёд истеъмоли зиғо.
 Дар ҳоле аз тангии сабади истеъмолии мардум нигарони карда мешавад, ки ба гуфти духтурон вақтҳои охир бинобар истеъмоли ғизои равғанин бемориҳо зиёд шудааст.

Ба гуфти иқтисодшиносон  имрӯз музди маош дар кишвар ба талаботи саб ади истеъмоли  мувофиқ  намеояд ҳаминро ҳам бояд гуфт , ки имрӯз  бештари мардум интизорӣ маош нашуда барои дарёфти маблағи иловагӣ мекушанд. Ба андешаи коршиносон сабади истеъмолии мардум назар ба чанд соли пеш беҳтар шудааст. Вале бо вуҷуди  ин ба талабот мувофиқ намеояд. Масалан барои як нафар дар як шабонарӯз 400 гр нон, 500 гр қанд, 50 гр равған , 50 гр гӯшт , 75 гр тухм, 500 гр чой , 3 литр об, 50 гр намак, 100 гр мева 100 гр сабзавод ва 100 гр маҳсулоти шири зарур дониста шудааст. Аз ин маълум мешавад , ки барои ғизои як нафар дар як рӯз зиёда аз 15 сомонӣ зарур аст.  Агар дар як оила ба ҳисоби миёна 5 нафар умр ба сар баранд. Барои таъмини талаботи аввалиндараҷаи ғизои онҳо ҳудуди 2 ҳаззор  300 сомонӣ  лозим аст. Ин дар ҳолест , ки дар Тоҷикистон музди маоши миёна 654 сомониро ташкил медихад.

Комментариев нет:

Отправить комментарий